12 Июл 2025 - 13:34
Source: ABNA
Тазоҳурот дар Мавритания дар маҳкумияти ҷиноёти режими саҳюнистӣ

Ҳазорон мавританиӣ дар эътироз ба наслкушии саҳюнистҳо дар навори Ғазза ва низ ба манзури эъломи ҳимоят аз муқовимати Фаластин, тазоҳурот баргузор карданд.

Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳлибайт (а) – Абно – ҳазорон шаҳрванди мавританиӣ дар пойтахти ин кишвар дар маҳкумияти идомаи наслкушии режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза даст ба тазоҳуроти густарда заданд.

Ин роҳпаймоӣ бо шиори «Ғазза; муқовимат ва пойдорӣ» аз муқобили Масҷиди ҷомеи Навакшот оғоз шуд ва то дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид идома ёфт.

Тазоҳургарон бо дар даст доштани парчамҳои Мавритания ва Фаластин ва тасвирҳое аз раҳбарони муқовимати Фаластин аз ҷумла шаҳидон Исмоил Ҳания ва Яҳё Санувор шиорҳое дар ҳимоят аз муқовимати Ғазза ва маҳкумияти ҷиноёти режими ишғолгари саҳюнистӣ сар доданд.

Ин таҷаммуъ ба даъвати шуморе аз ниҳодҳои ғайридавлатӣ аз ҷумла баргузор шуд ва бахше аз маҷмӯаи барномаҳои мардумӣ дар ҳимоят аз миллати Фаластин ба шумор меравад.

Ширкаткунандагон дар ин тазоҳурот, Амрикоро масъули мустақими тадовуми ҷанг ва наслкушӣ дар Ғазза донистанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha